Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи ташкилии тайёрӣ ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид

Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи якуми кумитаи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва таҷлили сеюмин солгарди ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир гардид.

Аъзоёни кумитаи ташкилӣ гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзодаро оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нимаи дуюми моҳи октябри ҳамин сол баргузор мегардад, шунида, фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Мулоқоти мазкур аллакай ба ҳукми анъана даромада, имсол бори сеюм – дар Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

Зикр гардид, ки дар Мулоқоти имсола, ки дар он  иштироки намояндагони доираҳои соҳибкории хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст, масоили муҳими соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инфрасохтор ва молияву бонкдорӣ баррасӣ мегарданд.

Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон наздики 300 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи кумитаи ташкилӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ба ҳозирин супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори ҷаласа Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои мамлакат иштирок ва фикру мулоҳизоти худро баён намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: