Тавре маълум аст, дар арафаи таҷлил намудани соли нави мелодӣ бархе аз соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба қонуншиканӣ даст зада, ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тарканда, ба истилоҳ «хлопушка» ворид менамоянд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани тадбирҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур, фурӯшандаи мағозаи хӯроквории «Арабо»-ро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарканда дастгир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз номбурда 1 ҳазору 560 дона маводи тарфгарии намудҳои «Титаник», «Трения» ва 136 дона мушакҳои дастадори намуди «Снайпеш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
«Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд маводи мазкур коршоям мебошанд»,-илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки нисбат ба зани гумонбар бо моддаи 1991 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.
АМИТ «Ховар»