Дар Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар доир гардид

Дар пойтахт бо ташаббуси дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 1000 нафар кормандони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои пойтахт ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҳашар, аҳли ҷамоати шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳо, поку тоза кардани гулгашту майдончаҳо ва ҳудуди боғро ба роҳ монда, корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат доданд.
Чунин ҳашарҳои умумӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар дигар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе доир шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: