Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Ҳаёт Одиназода имрӯз, 24 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки шӯроҳои мазкур аллакай ба кор шурӯъ намудаанд ва дар яке аз онҳо як нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
«Ин раванд барои пешравӣ ва баланд гардидани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад, зеро вақте ки омӯзгор аз болои худ кор мекунад, албатта, ба шогирд дониши беҳтар медиҳад»,- гуфт Ҳаёт Одиназода.
Бино ба гуфтаи номбурда, яке аз мақсадҳои асосӣ ва оинномавии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бархурдор аз техникаву технологияи замони муосир мебошад, ки барои ин дар донишгоҳ тамоми шароити муосир ва зарурӣ фароҳам оварда шуда, он дар оянда тақвият бахшида мешавад.
Масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҷалб намудани диққати ҷавонон ба фанҳои техникӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин самт барои андешидани тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
«Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем»,- иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми имсола.
Маврид ба зикри хос аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони соҳаи техникию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар факултетҳои менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, энергетикӣ ва нақлиёти он аз рӯи 73 ихтисоси амалкунанда ва 9 ихтисоси нав банақшагирифташуда мутахассисон омода карда мешаванд.
АМИТ "Ховар"