Дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобӣ содир гардидаанд, — бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ

Дар шаш моҳи соли равон  аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ  226 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти эктремистӣ  ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуд. Аз ҷумла, 1 амали террористӣ содир шуда, 2 суиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шуд.  97 нафар аъзои ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, бо доир кардани чорабиниҳои фаврию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод.

Дар нишаст зикр гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ  дар ҷумҳурӣ  48 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он,  қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ – 62 ҳолат, таҷовуз ба номус -20, роҳзанӣ- 14, савдои одамон -10, ғоратгарӣ -74, авбошӣ-541, қаллобӣ-1890, гардиши ғайриқонунии силоҳ -19, ҷиноят бо истифодаи силоҳ-17, дуздӣ-2945, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор -302 ва дигар ҷиноятҳо  ба қайд гирифта шуданд.

Тавре аз маълумоти мазкур бармеояд, дар ин давра дар мамлакат  аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ (2945  ҳолат) ва қаллобӣ  (1890 ҳолат)  содир гардидаанд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки  дар ин давра аз аҳолӣ 503 адад силоҳҳои гуногун, аз ҷумла  43 адад автомати Калашников  мусодира карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ  дар мамлакат 1 тоннаву 311 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардидаанд, ки аз ин 60 килограмро маводи сахттаъсири героин, 1445 ададро ҳабҳои экстазӣ ташкил медиҳанд.

«Алҳол ислоҳот дар соҳаи милитсия идома дошта, 60-70 фоизи корҳо дар ин самт ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, як зумра   тадбирҳои муҳим дар ин замина андешида шудаанд. Баҳри татбиқи  пурраи ин ислоҳот ҳудуди 60 миллион доллари амрикоӣ сарф  мегардад. Дар бораи  соли 2021 ба политсия табдил ёфтани  милитсия  гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ҳарчанд  алҳол лоиҳаи қонуни дахлдор  дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад»,-илова кард вазир.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия  се ҳуҷҷати муҳим: Стратегияи ислоҳоти милитсия  барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо  оид ба татбиқи  Барнома барои солҳои 2013-2020 таҳияву тасдиқ гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: