Деваштич: гусели нахустин гурӯҳи наваскарон барои хизмат ба Ватан

Айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, дирӯз дар ноҳия аввалин гурӯҳи наваскарон барои хизмат ба Ватан сафарбар гардиданд.
Дар маросими тантанавие, ки дар майдони назди муҷассамаи «Сарбози Ватан»-и маркази ноҳия бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассама доир гардид, намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия ва волидони даъватшавандагон ширкат варзиданд. Дар ин рӯз барои хизмат дар артиши миллӣ 120 нафар аввалин ихтиёриён аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сафарбар карда шуданд.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"

Tags: