Дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ Маҳмадулло Сафаров рафта, бо худ маҳсулоти хӯрока дастовез бурда, ба ӯ кӯмаки молӣ расониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
«Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар арафаи таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) сурат гирифта, кормандони милиса ба Маҳмадулло Сафаров пайғому табрикоти Вазири корҳои дохилиро расонида, аз аҳволи иҷтимоии номбурда хабардор гардиданд «,- зикр кард манбаъ.
Маҳмадулло Сафаров, ки имсол 100-умин баҳори умри хешро пешвоз мегирад, бо чеҳраи болида ва рӯҳияи баланд дар арафаи Иди Ғалаба табрикотро пазируфта, аз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоиштаю хуррамона бурда, аз ғамхориҳою парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдорем.
АМИТ «Ховар»