Кӯлоб: Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32 865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд

Имсол  оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта бештар таъмин гардид.Ҳамин фаровонии об буд, ки  деҳқонон тавонистанд ҳосили фаровон ба даст оранд ва ба кишти такрорӣ шурӯъ намоянд. Дар минтақа дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 таъмири 91 адад агрегати оббарор  ба нақша гирифта шудааст. Дар асл 81 адад  агрегати оббарор аз таъмир бароварда шуд, ки 89%-и нақшаро дар бар мегирад. Бо сабаби  вазъи ногувори молиявӣ 4 адад  агрегат дар ноҳияи Восеъ ва 6 адад  дар ноҳияи Фархор аз таъмир бароварда нашуданд. Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ 32865 ҳазор метри кубӣ об бароварда шуд, ки ҳар метри кубии он 2,09 дирамро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни нишастии матбуотӣ сардори Иттиҳодияи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи  Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади  пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ соли 2020 Идораи  давлатии  беҳдошти замин  ва обёрии  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ  бо маводи сӯзишворӣ, симтӯр, симтаноб, семент, арматур ва дигар масолеҳи зарурӣ сари вақт таъмин гардид. Айни ҳол  дар мавзеъҳои хавфнок  корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Инчунин  аз тарафи Маркази  тадбиқи  лоиҳаи устувории  ҳавзаи дарёи Панҷ  дар вилояти Хатлон  дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ  тоза намудани  наҳрҳои обрасон  ва таъмири иншооти  гидротехникӣ идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: