Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамоянд.
Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба кори эҷодӣ алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа қабул карда мешаванд.
Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Барои ғолиби ҷойи аввали озмун 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1500 сомонӣ мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст.