Дар муддати аз 30 апрел то 8 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6528 нафар ё худ 84,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар мамлакат 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон дар муддати аз 30 апрел то 8 август ба 7745 нафар ва фавтидагон ба 62 нафар расид.
«Давоми шабонарӯзи охир 94 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти вазорат.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
АМИТ «Ховар»