Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира

2 ноябр дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар канори рӯди Нил Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд, Бозори хайрия дар ҳузури Вазири ҳамбастагии иҷтимоии Миср Ғода Волӣ расман ифтитоҳ гардид. Гӯшаи Тоҷикистонро, ки мавриди истиқболи меҳмонони сершумори мисрӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи зардӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанӣ, гилкорӣ, зеваролоти сангӣ ва ғайра оро доданд. Дар бозори хайрия 16 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор бо ҳадафҳои хайрия сарф хоҳад шуд.
Фаъолияти бозори хайрияи Осиёро расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ба таври густурда бозтоб намуданд.

АМИТ«Ховар»

Tags: