Кордори сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озҷон Гюлтекин вобаста ба кӯшиши содир кардани табаддулоти давлатӣ дар Туркия, сабабҳои сар задани воқеаҳои хунин, доираҳои ба ин ҷиноят алоқаманд, пайомадҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва вазъияти имрӯзаи Туркия ба АМИТ «Ховар» изҳорот пешниҳод намуд.
«Шоми ҷумъаи 15-уми июли соли равон дар Анқара, Истамбул ва дигар шаҳрҳои мамлакат бо фармони ғайриқонунӣ бетартибиҳо сар заданд. Роҳбарияти Туркия дар кутоҳтарин муддат вазъиятро омӯхта ба он баҳогузорӣ кард. Дар натиҷаи омӯзиши вазъият ва баҳогузорӣ маълум карда шуд, ки дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Туркия гурӯҳе таъсис дода шудааст, ки дар он афсарони баландпояи як қатор қушунҳои артиш аъзо ҳастанд. Маҳз аз тарафи ҳамин гурӯҳи ҳарбиён кӯшиши содир кардани табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ гардид.
Туркия шоҳиди хиёнат ва амали террористии ин гурӯҳи ҳарбиён гашт, ки онҳо ба сӯи парлумони кишвари худ, ба сӯи иншооти ҳарбие, ки ба артиши Туркия тааллуқ дошт, ба тарафи шаҳрвандони кишвар ва ба сӯи ҳамяроқони худ оташ кушоданд. Туркия бори аввал дар таърихи демократии худ ба ҳамлаи хиёнаткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи артиш дучор омад. Ин гурӯҳ ба бинои парлумони Маҷлиси бузурги Туркия бомбаҳо ҳаво доданд. Бори аввал дар таърихи Туркия ҳолати ҳамлаи як гурӯҳ ҳарбиён ба тарафи кишвари демократӣ ба қайд гирифта шуд.
Фармондеҳони марказӣ ва сатҳи болоии қушунҳои артиши Туркия ба содир кардани табаддулоти давлатӣ муқобил баромада, дар рӯ ба рӯи онҳо истодагарӣ карданд. Дар ҳайати гурӯҳе, ки кӯшиш ба содир кардани табаддулоти давлатӣ намуданд, фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, фармондеҳи жандармерия ва фармондеҳони як қатор нерӯҳои танкӣ шомил буданд.
Аз тарафи нерӯҳои амниятӣ ва прокуратура вобаста ба ҳодисаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Мардуми турк якдилии таърихии худро нишон дода, дар паҳлӯи роҳбари давлат ва ҳукумати худ қарор гирифт ва бо муттаҳидӣ ба муқобили табаддулотгарон истодагарӣ кард. Дар ин лаҳзаи тақдирсоз шаҳрвандони мо ба кӯчаҳо баромада, бар зидди табаддулотгарон эътироз намуда, худро пеши роҳи танкҳо партофтанд. Дар натиҷаи ин истодагариҳо кӯшиши забт кардани бинои телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия аз тарафи табаддулотгарон гирифта шуд. Ҳамчунин кӯшишҳои ин гурӯҳи ҳарбиён барои таҳти назорати худ даровардани ВАО, хадамотҳои матбуотии мақомоти гуногуни давлатӣ, шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барҳадар рафтанд.
ВАО-и Туркия дар ин рӯзҳо аз худ намунаи хуб нишон дода, бо амалҳои худ барои роҳ надодан ба мураккаб шудани вазъ талош карданд. Агарчӣ, гурӯҳи ҷинояткорон баъзе шабакаҳои телевизионии хусусиро таҳти назорати худ гирифта буданд, вале журналистони ин шабакаҳо нотарсона изҳор карданд, ки онҳо бар зидди арзишҳои демократӣ баромад намекунанд ва ба роҳи зӯрӣ ғасб кардани ҳокимиятро қабул надоранд.
Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат низ ба муқобили табаддулотгарон баромад карданд. 16-уми июл дар бинои парлумони Туркия, ки табаддулотгарон ҷониби он тиркушоӣ карда буданд, намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Туркия ҷамъ омада, Декларатсияи якҷоя қабул карданд.
Дар натиҷаи амалиёт ба муқобили табаддулотгарон зиёда аз 100 нафар террористон нобуд ва 6 ҳазор одамон дастгир карда шуданд. Бояд гуфт, як қисме аз онҳо ба таври ихтиёрӣ худро таслим карданд. Ҳоло амалиёт барои дастгир кардани шахсони боқимондае, ки ба табаддулоти давлатӣ даст доштанд, идома дорад. Чорабиниҳои зарурӣ барои боздошт намудани шахсони боқимондае, ки ба ин хиёнат даст доштанд, идома дорад. Аз ҷумла, гуфтушунидҳо бо кишвари Юнон барои ба Туркия баргардонидани гурӯҳи 8-нафараи ҳарбиёне, ки бо чархболи рабурдашуда фирор карда буданд оғоз шуданд.
Мутаассифона, зиёда аз 190 сокини осоишта дар ин рӯзҳо ба ҳалокат расида, зиёда аз 1400 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Бо такя ба арзишҳои демократӣ ва ҳамдилии президент, сарвазир, парлумон, қувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони мо кӯшиши табаддулоти давлатӣ гирифта шуд. Имрӯз Туркия ба маҷрои пешинаи ҳаёти худ баргаштааст.
Кӯшиши табаддулоти давлатӣ бевосита ба Фатҳулло Гюлен алоқаманд мебошад. Аз ҷониби ҳукумати Туркия барои муайян кардани ҳадафҳои ин кӯшиши табаддулоти давлатӣ, он доираҳое, ки дар паси ин хиёнат истодаанд чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин тадбирҳо барои муайян ва маълум кардани миёнаравҳо, шарикон ва ҳаводорони ин гурӯҳи ҷинояткор амалӣ шуда истодаанд. Кӯшиши содир кардани табаддулоти давлатӣ характери ҷиноятӣ дорад ва он бараъло нишон медиҳад, ки созмони таъсисдодаи Гюлен хатарнок мебошад. Ҳукумати Туркия барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани чеҳраи ҳақиқии Фатҳулло Гюлен ва он хатаре, ки дар пайи ин табаддулоти давлатии номуваффақона анҷомшуда пинҳон аст, чораҳоро амалӣ месозад».