Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ рӯзи дарҳои кушод доир гардид. Ин иқдом аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.
Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамудин Камолзода иброз дошт, Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ соли равон ба бемории депрессия нигаронида шудааст. Мутобиқи омори тиббии имсола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи одамони гирифтори бемории рӯҳӣ 49 ҳазор нафарро дар семоҳаи аввали соли 2017 ташкил дод.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, депрессия бештар вақт дар пайвастагӣ бо мушкилоти дигари саломатӣ ба вуҷуд омада, он аксаран ба худкушӣ оварда мерасонад. Аз рӯи миқёси сабабҳои марг дар байни одамони синни 15- 29- сола баъди садамаҳои нақлиётӣ депрессия дар ҷои дуюм меистад.
Ба иттилои Фотима Ғоибова, сардори маркази иттилоотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯзи дарҳои кушод беш аз 100 нафар мутахассисони баландпояи соҳаи тиб ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сафарбар карда шуда, аҳолии пойтахт ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи номбурда, дар ин рӯз 3 ҷарроҳии мураккаб ройгон гузаронида шуданд.
Рӯзи дарҳои кушод дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта, шаҳрвандон то соати 12:00 аз хизматрасонии ройгони тиббӣ истифода бурданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: