Дар Вазорати фарҳанг намоиш ва фурӯши китобҳо ба ифтихори Рӯзи Президент оғоз шуд

Имрӯз, 16 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Вазорати фарҳанги кишвар намоиш ва фурӯши китобҳо оғоз гардид. 
«Дар намоиш китобҳои олимон ва муҳаққиқон оид ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик ва инчунин осори худи Сарвари кишвар пешкаши ҳаводорони адабиёт гардидааст»,-хабар медиҳад манбаъ.
Ба таъкиди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, имрӯз дар саросари Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ҷашн дар ҳама муассисаҳои театрӣ ва консертӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр намоишҳои ройгон ва рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешаванд.
Баргузории барномаҳо бахшида ба ин ҷашн имрӯз дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии кишвар низ дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: