Аз 20 то 30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории 193 мусобиқаи варзишӣ дар назар аст. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои хурди футбол ва маҷмааҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, теннис, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, тӯби дастӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ ва велосипедронӣ баргузор карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»