Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва «Пешрафт» ба маъюбон

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) барои дастгирии маъюбон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз КМТ хабар доданд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: «ин боргоҳи маърифат барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ва толори муҷаҳҳази хониш омода кардаст».
«Дар шуъбаи мазкур, ки ҳоло бештар аз 500 нафар аъзои ҳамешагӣ дорад, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд китоб мехонанд, дар маҳфилҳо иштирок менамоянд, маҳсули ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд ва ашъори тозаэҷодашонро қироат мекунанд».,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова ба хонандагони беҳтарини шуъба ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Tags: