ТВТ.15.08.2022. Таҳлилгарони Бонки Авруосиёии Рушд дар нимаи аввали соли равон дар Арманистон ва Тоҷикистон афзоиши баландтарини иқтисодиро миёни шаш кишвари узви ин созмони молиявӣ сабт карданд. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дар шумораи навбатии Шарҳи макроиқтисодии БАОР (августи соли 2022) омадааст. Тибқи шарҳи БАОР, иқтисодиёти Русия ва Беларус дар шашмоҳаи аввали соли равон коҳиш ёфтанд (мутаносибан 0,5% ва 4,2%).
«Дар кишварҳои боқимондаи иштирокчӣ афзоиши устувори ММД – дар Арманистон 11,8% с/с, дар Тоҷикиситон 7,4% с/с, дар Қазоқистон 3,4% с/с ва дар Қирғизистон 6,3% с/с идома дорад, зикр шудааст дар шарҳ.
Таҳлилгарони ин созмони минтақавӣ таъкид мекунанд, ки вазъ дар иқтисоди кишварҳои узви БАОР дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ назар ба пешбинишуда беҳтар рушд кардааст. Онҳо бар он назаранд, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ барои соли 2022 дар аксари кишварҳои узви БАОР беҳтар аз пешгӯиҳо хоҳанд буд. «Ба ин, аз ҷумла, суръати хеле баланди мутобиқшавӣ ба маҳдудияти ҷорӣ ва хусусияти таъхирнопазири таҳримҳо дар истихроҷи нафт мусоидат мекунад. Амалҳои мақомот барои дастгирии иқтисоди минтақа низ саҳми калон доранд: ҳавасмандгардонии сиёсати фискалӣ, коҳиши якбораи фоизҳо дар Русия, инчунин чораҳое, ки ба таъсиси занҷирҳои истеҳсолӣ ва таъминот мусоидат мекунанд», — гуфта мешавад дар гузориш.
Доир ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми умумии иқтисоди Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 46,2 миллиард сомонӣ (ҳудуди 4,4 миллиард доллар) будааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба таври воқеӣ 7,4 дарсад бештар аст. Пешбарандаи асосии иқтисоди кишвар дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ саноат буд, ки ҳиссаи он 19,7 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи савдо- 18,1 фоиз, кишоварзӣ- 16,9 фоиз, андоз- 10,4 фоиз, сохтмон- 8,3 фоиз, нақлиёт- 8,1 фоиз, дигар соҳаҳои хизматрасонӣ- 18,5 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи нисбатан пасти кишоварзӣ аз он иборат аст, ки деҳқонон қисми зиёди маҳсулотро дар нимаи дуюми сол мегиранд.
Дар охири соли 2021 ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД Тоҷикистон 24,1 фоиз ва саноат 18,2 фоизро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон то соли 2025 то 26% ва то соли 2030 –юм 30% афзоиши саҳми саноат дар ММД-ро интизоранд. Чунин пешгӯиҳои некбинона бо эълони Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар кишвар рабт доранд. Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли гузашта саноатикунонии босуръати иқтисоди Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуда буд. Ҳукумат бар асоси Стратегияи миллии рушди кишвар барои солҳои 2016-2030 интизор дорад, ки Тоҷикистон то оғози даҳсолаи оянда ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил ёбад. Барои ин зиёд кардани иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ, кам кардани вобастагии иқтисодиёти мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳиссаи саноати мамлакатҳое, ки иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ доранд, ба фикри мутахассисон на камтар аз сеяки ММД-и солонаро ташкил медиҳад.
Дар бораи Бонки Авруосиёии Рушд
Бонки Авруосиёии Рушд (англисӣ Eurasian Development Bank, EDB) — созмони байналмилалии молиявӣ мебошад, ки барои рушди иқтисодҳо, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар кишварҳои минтақаи Авруосиё фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамояд.
Бонк соли 2006 таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2009 узви комилҳуқуқи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад. Саҳми Тоҷикистон дар сармояи ин бонк 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»