Ҷамъбасти озмуни “Эъҷози сухан”

Имрӯз дар Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни адабии “Эъҷози сухан” ҷамбаст гардида, ғолибону иштирокдорони фаъол бо ҷоизаву мукофотпулиҳоро сарфароз гардонида шуданд. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 30-31 май, 01-02 июни соли равон Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иќдому ташаббусњои фарњангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, бори нахуст дар таърихи фаъолияти Кумита озмуни мазкурро ташкил ва баргузор намуд, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонї, тақвияти неруи зеҳнї, мањорати эљодию суханварї ва малакаи касбї, арҷгузорї ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва рушди ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита буд.

Дар маросими ҷамбасти озмун, Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Эмомалї Насриддинзода қайд намуд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор мувофиқи низомнома маҳорату малакаи довталабон аз рӯйи ду номинатсия: “Китобхонї” ва “Шеърдонї” баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ гардид. Дар ҷараёни арзёбии маҳорати довталабон ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дўстию рафоќат, озодию осоиштагї, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода шуд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки тибқи низомнома иштирокчиёни озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тољикї ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод буда, тавонистанд дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарњои илмї ва дигар осори насрї ва қироати шеърҳо: ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ аз дилхоҳ забон истифода намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳакамон барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин, тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда ба маҳорати довталабон дар асоси меъёри 10 хола баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа  аъзои њакамон пас аз баррасии натиҷаҳо бо чунин тартиб ғолибонро муайян намуданд:

дар номинатсияи “китобхонӣ”

Ҷойи якум:       

- Парвина Самандарзода (Радиои Тоҷикистон) (45 хол)

Ҷойҳои дуюм: 

- Абдуҷалили Амон (Радиои Тоҷикистон) (42,5 хол)

- Низомов  Асҳобиддин (ТВ Синамо) (41,5 хол)

Ҷойҳои сеюм:

- Каримова Наргис (ТВ Суғд) (41   хол)

- Асроров Тоирхон (Телевизиони Тоҷикистон) (41 хол)

- Салимзода Маҷид (Радиои Тоҷикистон) (40 хол)

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон озмуни “Эъҷози сухан” номинатсияи “Шеърхонӣ” бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст карда шуд:

Ҷойи якум:

- Холов Умедалӣ (Радиои Тоҷикистон) (58,50 хол)

Ҷойҳои дуюм:

- Сатторзода Гулчеҳра (Телевизони Тоҷикистон) (58,16 хол)

- Ализода Абдурашид (Радиои Тоҷикистон) (58,16 хол)

Ҷойҳои сеюм:

- Боймуродов Бузургмеҳр (Радиои Тоҷикистон) (58,00 хол)

- Бобоҷонов Абдуаҳад (Телевизони Тоҷикистон) (58,00 хол)

- Тағоев Кӯҳзод (Телевизиони Тоҷикистон) (57,83 хол)

сазовор гаштанд.

Инчунин кумитаи тадорукот барои иштироки фаъол дар номинатсияҳои “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” 15 нафар кормандонро бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ)  ва 24 иштирокчии озмунро бо тӯҳфаҳои хотиравию мукофотпулиҳо (ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ) тақдим намуд.

Зикр шуд, ки ин иқдом дар кумита ҳамасола ба роҳ монда шуда, дар заминаи он 3 маҳфили адабӣ барои такмили маҳорати нотиқӣ, шеърдонию шеърхонӣ ва китобхонӣ кормандон таъсис хоҳанд ёфт.

Tags: