Ҷаласаи сайёри Кумитаи рушди маҳал дар ноҳияи Тоҷикобод

Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  ҷаласа  фаъолияти Кумитаи рушди маҳал ва такмили низоми идоракунии маҳаллӣ дар асоси натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал хабар доданд, зимни баррасии масъалаи такмили низоми идоракунии маҳаллӣ раиси Кумита Қосим Роҳбар оид ба ҷараёни тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Тоҷикобод бо истифода аз лавҳаи намоишӣ ва таҳлилҳои амиқ маълумоти муфассал дода, шахсони масъул ва ваколатдорро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд.

Қосим Роҳбар ҳамчунин ба масъулин  пешниҳод кард, ки ҷиҳати рушди минтақа оид ба истифодаи  технологияи пешқадам, бахши манзилию коммуналӣ дар маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи татбиқи мақсад ва вазифаҳои стратегии рушди маҳал, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таҳия намудани тавсияҳо ҷиҳати фаъолгардонии меъёри иқтисодии минтақаҳо, ҷалби дороиҳо ва захираҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди ноҳия дар самтҳои гуногун ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини сохторҳои марбута маслиҳатҳои муфид дод.

Хотиррасон менамоем, ки  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод  дар мавзӯъҳои ваколати ҷамоат, шӯрои ҷамоат ва ваколатҳои раиси ҷамоат дар масъалаи танзими идоракунӣ дар маҳал вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», инчунин «Дастурамали намунавӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати 40 нафар  машварати омӯзишӣ  гузаронид.

АМИТ «Ховар»

Tags: