Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Миср ба 305 нафар расид

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Ар-Роуди нимҷазираи Синои Миср ба 305 нафар расид. Дар ин бора агентии иттилоотии «МЕНА» бо такя ба изҳороти Прокуратураи генералии Миср хабар дод.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Миср, шумораи террористон 30-35 нафарро ташкил медод, ки бо 5 мошин ба назди бинои масҷид омада, онро пеш аз ҳамла иҳота кардаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо парчами гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар даст доштанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа, 24 ноябр дар масҷиди Ар-Роуди деҳаи Бир-ал-Абди шаҳри Ал-Ариш зимни адои намоз ҳамлаи террористӣ содир карда шуд. Як гурӯҳи терррористон маводи таркандаро дар дохили масҷид тарконда, гурӯҳи дигар ба сӯи мардуми ҳаросон аз масҷид баромадаистода оташ кушодаанд. Террористон ҳамчунин ба сӯи мошинҳои ёрии таъҷилии ба ҷои ҳодиса омада низ тир холӣ кардаанд.

Пас аз ин ҳамла неруҳои ҳавоии Миср зимни амалиёти зиддитеррористӣ якчанд воситаҳои нақлиёти террористон ва як зумра анбори нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангии онҳоро хароб карда, 30 нафар террористро маҳв намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: