Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар ҷавонон- Абдулло Қодиров, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти як нафар ҷавонзани 19-соларо аз марг наҷот доданд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд.
Ёдовар мешавем, ки 16 январи соли равон, тахминан соатҳои 11:30, ҷавонзани 19- сола, сокини шаҳри Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст. Ин ҷавонзан аз ҷониби ду нафар шаҳрвандон- Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.
Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар наҷотдиҳандагон баргузор гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз сифатҳои ҷавонмардонаи ду нафар сокинони шаҳр, ки чунин як ҳодисаи нохушро пешгирӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки «мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҳия ва амалинамоии барнома ва корҳои пешгирикунандаи махсус мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шуда, барномаи тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ гардад».
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ — соати дастӣ қадршиносӣ намуд.
АМИТ "Ховар"