ТВТ.01.07.2022. Дар маҷмӯъ то ба имрӯз беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 39 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардида, дар муҳокима қарор доранд. Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 лоиҳа, Ҳукумати мамлакат 43 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 3 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 7 лоиҳаро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода 30 июн зимни баргузории ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иброз намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода дар назди вакилон иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеа муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.
Дар давраи зикршуда 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 665 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин робита, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул шуданд.
Ба иҷлосияҳои сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи масъалаи баррасиардида қарори дахлдор қабул карда шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»