Боздиди Пешвои миллат аз мавзеъи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун

Рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.

Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то ба 30 ҳазор метри кубӣ маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад. То имрӯз зиёда аз 42 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ барои бастани садди об захира гардидааст ва корҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҷамъоварӣ ва ҷобоҷогузории сангу шағал ба воситаи техникаву технологияи муосиртарин аз ҷониби 10 ширкати хурду бузург анҷом дода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони масъули ин қитъа ҷиҳати назорати ҳамаҷонибаи сифати маҳсулот ва захираи кофии мавод дастуру супоришҳо дод.

Имрӯз ҳамчунин         Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи зериобшаванда ва конҳои шағалзаминии рақами 15 ва 15В боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол маҳз аз ҳамин мавзеъ маводи шағалзаминӣ дастрас ва дар анбор захира карда мешавад. Мувофиқи тадқиқоти коршиносони соҳаи геология дар ин мавзеъ дар кони 15, 48 миллион ва дар кони 15В зиёда аз 20 миллион метри кубӣ маводи шағалзаминӣ мавҷуд аст. Аз оғози кор то ба имрӯз аз конҳои мазкур зиёда аз 60 фоизи мавод ба анбор интиқол дода шудааст. Ҳар як навъи маводи сохтмонӣ, аз ҷониби коршиносони соҳа омӯхта шуда, сипас мувофиқи сифат, навъ ва таъинот дар ҷойҳои муайяни анбор ҷобаҷо мегардад.

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз анбори кони Лаби дара то даромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ1 ва СТ2, инчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар нақби якум ва дуюми соҳили чап ва рости Неругоҳи барқи обии Роғунро мушоҳида намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷарёни корҳо ва суҳбати самимӣ бо коргарон аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифат анҷом додани корҳои таъмириву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.