Бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб моҳи марти соли 2009 дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи суннати ободгаронаи миллати мо оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба иншооти дӯстиву ҳамкорӣ табдил ёфт. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб иброз намуд.
«Дар ҷараёни сохтмон, дар баробари мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», мутахассисону коргарони қариб 30 ширкати сохтмонии ватаниву хориҷӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ фаъолона иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи сохтмони хатти роҳи оҳани имрӯза се нақб бо дарозии қариб 3700 метр ва ҳашт пули муосир бо дарозии қариб 700 метр бунёд карда шуд»,-илова намуд Сарвари кишвар.
Барои бунёди роҳи оҳан бо назардошти сохтмони нақбу пулҳои масири он 985 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Президенти кишвар илова намуд, ки тӯли чанд соли охир дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб ҳазорон нафар коргарон бо ҷойи кор таъмин гардида, роҳсозони тоҷик дар ин иншооти бузурги аср тавонистанд таҷрибаи худро доир ба сохтмони нақб ва пулҳои қаторагард такмил диҳанд.
«Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар замони истиқлолият буда, мутахассисони тоҷик метавонанд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд», -афзуд Пешвои тоҷикон.