Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб нахуст дар Ҷамоати деҳоти “Даҳана”и ҳамин шаҳр бо буридани лентаи рамзӣ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-ро мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.
Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб аз солҳои 1991 қарни гузашта ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда буд. Идомаи сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2015 аз ҳисоби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, марҳилаи III” бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мактаби нав дар масоҳати умумии 2,4 гектар сохта шудааст. Дар ҳавлии мактаб як варзишгоҳи калон барои бозии футбол ва як майдончаи хурд барои бозиҳои волейболу баскетбол воқеъ аст. Синфхонаҳои мактаб дар фасли зимистон тавассути маркази мустақили гармидиҳӣ, ки бо ангиштсанг кор мекунад, гарм карда мешаванд.
Ҳамаи корҳои сохтмонӣ босифат ва пеш аз муҳлат аз ҷониби ҶДММ “Ёхсу”-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфтаанд. Дар сохтмони бинои мазкур, ки як сол идома ёфт, аз 350 то 400 нафар коргари маҳаллӣ бо ҷойи кор ва музди меҳнати баланд таъмин гардиданд. Маблағи умумии корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, 16 млн. 639 ҳазор сомониро ташкил дода, барои ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ашёи аёнии таълим ва дигар лавозимоти мактабӣ, 2 млн. 398 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Бинои таълимии муассиса аз 2 ошёна ва 6 қисм иборат мебошад. Дар қисми якуми бино ду синфхонаи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар утоқҳои маъмурӣҷойгиранд. Дар қисми дуюми бинои мактаби нав синфхонаҳои махсус барои омӯзиши касбу ҳунар бунёд гардидааст. Дар ин синфхонаҳо, ки бо тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд, барои писарон имконияти аз худ кардани касбҳои дуредгарию харротӣ ва барои духтарон омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию қаннодӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи аввали қисми сеюми бинои мактаб ошхона барои 144 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм толори барҳавои варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин толори варзишӣ имконияти гузарондани машғулиятҳо дар намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштин вуҷуд дорад. Ҳамзамон дар толори мазкур барои обу тоби бадан дигар лавозимоти варзишӣ низ насб гардидааст.
Мактаби нав инчунин дорои толори бошукуҳ барои гузарондани ҳаргуна ҷамъомадҳо мебошад. Дар ин толор, ки 300 ҷойи нишаст дорад, аз ҷониби дастпарварони мактаби мазкур намоишнома ба Пешвои миллат пешниҳод шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 ҳангоми суханронӣ ба истифода дода шудани бинои мактаби наву замонавиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба фарзандони сокинони Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз доштанд, ки хонандагонро мебояд аз чунин шароиту имкониятҳои мусоид оқилонаю самаранок истифода намуда, барои сайқал додани донишу фаҳмиши худ ҳамаҷониба ҷаҳду талош намоянд. Сарвари давлат устодону кормандони соҳаи маорифро низ ба тарбияи насли ватандӯст ҳидоят намуданд.