Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи лоиҳаи рушди пойтахтро таҳти унвони «Smart City» ҷонибдорӣ кард

Дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) масоили омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) баррасӣ гардид. 

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати Британия сармутахассиси бахши хусусӣ – Дэвид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ — Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ– Зойе Грин  шомил буданд.

Дэвид Эллиот иброз дошт, ки Барномаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахтро ба сифати «шаҳри ҳушманд» ҷонибдорӣ карда, самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро зикр намуд.

Зимни мулоқот имкониятҳои боз ҳам фарохтар намудани барномаи мазкур ва пайваст намудани дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи номбурда муҳокима гардиданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо дар оянда барои ҳамкории мутақобилаи судманд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

АМИТ "Ховар"