Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тағйир додани меъёри бозтамвил ба андозаи 1,5 банди фоизӣ ва муқаррар намудани он дар сатҳи 12,5 фоиз қарор қабул намуд. Дар ин бора аз БМТ иттилоъ доданд.
Қарори мазкур бо назардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил қабул гардид.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон инчунин қарорро доир ба аввалин шуда ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил, қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавил ҷамъ +4,0 банди фоизӣ ба тасвиб расонид.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии ҷорӣ намудани механизми қарзии мазкур аз таъмини самараноки сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо иборат аст.
АМИТ «Ховар»