Ёқуб Исмоилзода: «Ҳадафи Кумитаи рушди маҳал — ободу зебо гардонидани симои мамлакат мебошад»

Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки имсол бори аввал дар тамоми қаламрави мамлакат баргузор гардид, на танҳо симои пойтахт, балки тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро гулафшон намуд. Аз дидани он на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ ба ваҷд омаданд. Матлаби мазкурро имрӯз, 16 июл муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб ИСМОИЛЗОДА   зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Зикр гардид, ки бо мақсади эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба  ҳама гунна  зебогӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2021 Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» эълон гардида, омодагиҳо дар ин се сол бо маром идома меёбанд.

Ҳамзамон бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе    корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал,  мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: