Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Чин Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот намуданд

ТВТ. 18. 05.2022. 17 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот, ки бо хоҳиши ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқоти имрӯзаро ҷузъи муҳими чорабиниҳо бахшида ба ин рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди робитаҳои гуногунҷанба бо Чин дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи сарони давлатҳо ва пояи боэътимоди ҳуқуқӣ, дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории байнипарламентӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои Тоҷикистону Чин буда, парламентҳои кишварҳо дар пешбурди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд. Ҷонибҳо аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин равобити зичи роҳбарияти парламенти Тоҷикистон бо Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ, хусусан дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳавасманд мебошад.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, инчунин ҳамкории босамари байни минтақаҳои ду давлат аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои шарикии дуҷониба маънидод гардид.

Ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ изҳори сипос карда шуд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи ҷониби Чин асосан ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, рақамикунонии соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ҳарчи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо, роҳандозӣ кардани имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиш додани содироти маҳсулоти тозаи кишоварзӣ ва ғайра ҷалб карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии мавзуи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин таъмини амнияту субот дар шароити авзои муракаби аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Инчунин ба рушди робитаҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти хос дода шуд.

Дар охири мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.

Дар навбати худ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, даъват намуд.

Даъват аз ҳар ду ҷониб бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Манбаъ: dushanbe.tj

Tags: