Бахшида ба 105- солагии «Бухорои шариф» конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

buhoroi-sharif.jpgБахшида ба 105-солагии нашри нахустин нашрияи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» дар кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣамалиеро таҳти унвони «Бухорои шариф» ва сабақҳои он» баргузор гардид.
Тавре аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ хабар доданд, дар конфронси илмӣамалӣ Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ, Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои ВАО, профессор Мурод Муродов ва аспирантону донишҷӯён сухан гуфтанд.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ оид ба нақш ва заминагузории нашрияи «Бухорои шариф» дар кори ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷик изҳори назар намуд. Ӯ таъкид намуд, ки нишасти мазкур давоми силсилаконфронсҳоест, ки ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои муҳим, бахусус ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешаванд.
Профессор Мурод Муродов бо ёд кардани таърихи таъсиси нашрияи «Бухорои шариф» баён дошт, ки нашрияи номбурда заминаи хубе барои ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷикзабони тоинқилобии Тоҷикистони Шӯравӣ гардид.

Манба: АМИТ"ХОВАР"