Бо муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия роҳандозӣ мегарданд

Бо муътадил гардидани вазъи  эпидемиологӣ, ки бар асари зуҳури бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон пандемия эълон гардид, парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки аз моҳи марти соли равон муваққатан қатъ гардида буданд, аз нав роҳандозӣ хоҳанд гашт.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни натиҷагирӣ  аз фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва ниҳодҳои авиатсионии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки санаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия ҳоло маълум нест ва он аз ҷониби мақомоти авиатсионии Россия мушаххас мегардад. Мавсуф афзуд, ки баъди муваққатан қатъ гардидани парвозҳои мустақим дар масири Душанбе –Дубай 21 июл парвозҳо дар ин самт ба роҳ монда шуданд.

Икром Субҳонзода зикр кард, ки дар ин давра  аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  дар масири ҳавоии  байналмилалӣ, маҳаллӣ ва чартерӣ парвозҳо ба роҳ монда шуда,  тавассути он 178  ҳазор нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Инчунин чор фурудгоҳи байналмилалии мамлакат-фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб  ва Бохтар  ба 494,1 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки беш аз 313 ҳазор  мусофири он ба Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе, 145,4 ҳазор ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, 25,7 ҳазор мусофир ба Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ва  9,8 ҳазор мусофир ба Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар рост меояд.

Бо дахли даромади ниҳодҳои авиатсионии мамлакат дар давраи пандемияи сирояти COVID-19 Икром Субҳонзода зикр кард, ки  дар ин давра Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 114 миллион  сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 38,4 миллион сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 10,4 ва Бохтар қариб 2 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд.

Инчунин даромади Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия» 27 миллион сомонӣ, «Тоҷик Эйр» 70,5  ва «Сомон Эйр» 257,7 миллион сомониро ташкил дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: