Блогер «Кучкар» бо ҳамроҳонаш барои таҳқири писарбачаи ноболиғ ба ҳабс гирифта шуданд

11 август дар як зумра сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном «блогер» мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст. Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як гурӯҳ корбарон аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбат ба ин «блогерон» тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад, як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пӯшонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) рангу бор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд. Давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ, «блогерҳо» наврасро бо суханони “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” масхара мекунанд.

Мушоҳидаи ҳолати оҷизиву сарафкандагии он писарбачаи ноболиғ дар дили ҳар нафар раҳму шафқат ва инсондӯстиро ба вуҷуд оварда, нисбат ба амалу кирдори ношоистаи ин ҷавонон хашму ғазаб меангезад. Дарвоқеъ, ба хотири ба даст овардани маблағу зиёд намудани шумораи ҳаводорони худ имрӯз баъзе аз блогерон даст ба амалу кирдорҳое мезананд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва дур аз одобу рафтори инсонӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳар амалу кирдори онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, дар ҳолати вуҷуд доштани қонуншиканӣ тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагони ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, бинои 82, дар байни блогерон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Кучкар” маъруф аст, Муҳаммадиев Акбар Одилович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский, бинои 22 ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи Профсоюз, хонаи 12 мебошанд.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии «пранк»-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Аҳлиддин Хоҷаев ба ҳисоб мерафтааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбат ба ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кӯдаки ноболиғ нисбат ба ӯ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъйин карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: