Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва ҷалби сайёҳон, ҷалби сармояи сармоягузорони араб ба инфрасохтори сайёҳӣ, гузаронидани курсҳои бозомӯзии кормандони бахши сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни мулоқот ба сармоягузори араб оид ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, пешниҳоди имтиёзҳо барои дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, 50% коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав, ҳамзамон фаъол будани низоми электронии дастрас намудани раводид ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавидар бо намояндагӣ аз сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: «Сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода ҳастанд».
Дар робита ба ин Нуъмон Абдуғаффорзода гуфт, ки «аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохтори сайёҳӣ ва хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардию шикор ба ҷониби арабӣ пешниҳод карда мешаванд».
АМИТ "Ховар"