Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2018 «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 –2021» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ин барнома тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, барномаи мазкур бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад.
Тибқи ин қарор Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барнома ва нақшаи мазкур муқаррар шуда, вазифадор гардид, ки бо сохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монда, амалӣ гардидани онҳоро таъмин намояд.
Раёсати мазкур ҳамчунин муваззаф гардидааст, ки ҳар сол на дертар аз 10 январ доир ба корҳои анҷомдодашуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузориш пешниҳод намояд.
АМИТ "Ховар"