Дар Душанбе саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ баррасӣ гардид

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ якҷо бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҷаласа олимон, коршиносон, таҳлилгарони масоили Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсус, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар мақсади асосии конфронсро нишон додани саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби кишварҳои аъзои СААД, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи мураккабу печидаи муосири геополитикӣ ва тағйироти низоми робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд. «Ҳадаф аз доир намудани ҳамоиш ба таври равшану возеҳ нишон додани он аст, ки чӣ гуна сарони ду давлат бо тадбирҳои сиёсию дипломатӣ, ҳарбию техникӣ ва созмондиҳӣ сохтори таъмини амният ва субот дар минтақаро заминагузорӣ кардаанд. Чӣ гуна онҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимоди мутақобилаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба кумаки мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия таҳким мебахшанд»,-афзуд Х.Холиқназар.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён зикр карда шуд, ки барои таҳкими амният дар минтақа воқеан ҳам хизматҳои ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин хеле муассир ва бузург аст.

АМИТ "Ховар"