22 сентябри соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлосияи 40-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ аҳамияти қабули Рӯзномаи 2030 оид ба рушдро таъкид намуда, иродаи кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи он қавӣ арзёбӣ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки соли равон Тоҷикистон зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд ҳисоботи ихтиёрии миллии хешро оид ба татбиқи Рӯзномаи мазкур муаррифӣ намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.
Дар фарҷоми сухан С. Аслов аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштироки фаъол дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 даъват ба амал овард.
АМИТ «Ховар»