Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи XXI байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Мусобиқаи XXI байналмилалӣ оид ба бокс бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгарон аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.
Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт. Ӯ вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон- Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори се медали тилло, дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
АМИТ «Ховар»