БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ! 7 июн дар Душанбе бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику афғон баргузор мегардад

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 июн, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе футболбозони тоҷик бозии аввали дӯстонаи худро бо  футболбозони афғон баргузор менамоянд. Бозии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 11 июни соли равон   дар шаҳри Гуанҷоу бо дастаи мунтахаби Чин доир мешавад.

Алҳол дастаи мунтахаби милии футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  ба  ин бозиҳои дӯстона   омодагӣ дорад.

Тибқи хабари сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки бори аввал аз ҷониби сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон   Усмон Тошев ба ҳайати даста даъват шудааст, бо сабаби ҷароҳат доштанаш дар бозиҳои дӯстона иштирок карда наметавонад.

Усмон Тошев боварӣ дорад, ки Алишер Ҷалилов то бозиҳои байналмилалии «Intercontinental Cup 2019», ки моҳи июл бо ширкати дастаҳои мунтахаби Сурия, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ гузаронида хоҳанд шуд, шифо ёфта, ба  дастаи мунтахаб  барои ба даст овардани ғолибият   кумак мерасонад.

 

Бозиҳои дӯстона
7 июн (ҷумъа)
Тоҷикистон – Афғонистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
11 июн (сешанбе)
Чин – Тоҷикистон
Гуанҷоу, Чин

АМИТ «Ховар»