Имрӯз дар Индонезия Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон оғоз меёбад

Имрӯз, 18 октябр, дар Индонезия марҳилаи ниҳоии (финали) Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 -сола оғоз мешавад. Дар мусобиқа 16 дастаи пурқувваттарини Осиё барои 4 роҳхат  бап Чемпионати ҷаҳон — 2019   талош меварзанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар гурӯҳи «D» муқобили дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат хоҳад кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии аввалини худро дар доираи ин мусобиқа  20 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин мегузаронад.
Оғози ин бозӣ  — соати 17.00 ба вақти Душанбе.

Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 сол (U-19)
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
20 октябр (шанбе)
14:00 – Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00 – ТОҶИКИСТОН – ЧИН
Даври 2-юм
23 октябр (сешанбе)
14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ
17:00 – Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
26 октябр (ҷумъа)
17:00 – Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
17:00 – Чин – Малайзия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе

АМИТ "Ховар"