Имрӯз дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ — Аҳлиддин Турдиев, ки дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринии худро идома медиҳад, бо ҳамсолони худ аз дастаи «Кайрат»-и Қазоқистон қувва месанҷад. Боз як вохӯрии дигари таҷрибавӣ бо ин даста 31-уми май баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувейт барои ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтан рақобат менамояд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А» аз 14-ум то 22-юми сентябр дар салтанати Урдун доир мешавад.
АМИТ «Ховар»