Пас аз ба охир расидани муҳлати қарордоди пахши барномаҳои телевизонҳои ҷумҳуриявӣ дар моҳвораи ABC ба ҷойгир намудани ин шабакаҳо дар моҳвораи NSS-12 ва Yasata 1a шурӯъ намуданд. Дар Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки «қабл аз Истиқлолияти давлатӣ сокинони вилоят аз тамошои ягона шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ маҳрум буданд. Соли 1996 бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва талоши мутахассисони ватанӣ орзуи сокинони вилоят амалӣ гашт ва онҳо имкон пайдо намуданд, ки барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон (ҳоло шабакаи «Тоҷикистон»)-ро тамошо кунанд. Дар солҳои минбаъда сокинони вилоят аз тамошои шабакаҳои дигар, ба мисли «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», Варзиш», «Синамо» бархӯрдор гардиданд. Соли равон муҳлати қарордоди пахши барномаҳо аз тариқи моҳвораи ABS ба анҷом расид ва ҳоло мутобиқи қарордоди нав ин шабакаҳо ба моҳвораи нави NSS-12 ва Yahsat 1a васл карда мешаванд».
Мутахассисони маркази мазкур изҳор доштанд, ки ҷойгир кардани шабакаҳои ҷумҳуриявиро дар моҳвораи нав то нимаи дуюми моҳи апрел ба охир мерасонанд. Аз тариқи ин моҳвораҳо ҳамчунин барномаҳои радиоиҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» низ садо хоҳанд дод. Ин ду моҳвораро дар бештар аз 30 давлати дунё ба таври пурра ва 17 давлат қисман истифода мебаранд ва барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар шакли HD бо сифати баланд пахш мегарданд.
Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"