БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор 400 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Дар доираи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд. То имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 400 иншоот аз қабили 7 коргоҳи саноатӣ, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ 10 бинои истиқоматӣ, 3 бинои соҳаи маориф 39 маркази хизматрасонӣ, 10 бинои истиқоматӣ, 69 иншооти савдо ва 170 иншооти дигар ба истифода дода шуданд. 

Мавсуф гуфт, ки аз ҳисоби лоиҳаи CASA-1000 дар биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақами 61 ва 65 корҳои сохтмонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 25 муассисаи таълимии шаҳр сохтмони 122 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Ҳамчунин сохтмони муассисаи таълимии маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор барои 640 нафар ва муассисаи таълимии деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти Сомон барои 280 нафар хонанда оғоз гардидааст.

Иброз гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 108,4 фоиз ва нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101 фоиз иҷро гардид. Рушди соҳаи  саноат дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ҳисор ба 101,1  фоиз, кишоварзӣ- 102 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 104,4 фоиз, гардиши савдо- 105,5 фоиз ва маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон ба 149,6 фоиз расонида шудааст.

 

Tags: