Дар Ню-Йорк роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористон баррасӣ гардиданд

23 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Екатерина Заҳариева, муовини Сарвазир оид ба ислоҳоти судӣ ва Вазири корҳои хориҷии Булғористон мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористонро дар соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин дар мавриди самтҳои нави ҳамкорӣ дар ҳошияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар робита ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм мубодилаи афкор анҷом доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: