«Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд»- ҳамоиш дар Душанбе

28 ноябр дар  толори «Кохи Афсарон»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда,  мақсад аз он омода намудани мутахассисони ҷавон барои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш иштироки  коршиносони соҳа, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои соҳавӣ, олимону муҳаққиқон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои қарзии хурду миёна ва мутахассисони ҷавон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш вазъи дурнамои соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Акс аз бойгонӣ
АМИТ «Ховар»

Tags: