ТВТ.14.09.2022. Аз оғози соли 2022 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба сатҳи беш аз 2 миллиарду 871 миллион доллар расидааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар хабар омадааст, ки дар давраи зикршуда ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва ду кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай — Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши гардиши мол бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Узбекистон ва Ҳиндустон ба мушоҳида мерасад.
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ дар давраи сипаригашта беш аз 2,8 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба воридоти мол аз кишварҳои СҲШ ҳудуди 2,1 миллиард доллар рост меояд. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар СҲШ Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон боқӣ мемонанд. Маблағи муомилот бо ин кишварҳо аз оғози соли 2022 ба 2,770 млрд доллар расидааст.
Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои СҲШ дар ин давра манфӣ арзёбӣ мегардад, ки ин ҳам ба он хотир аст, ки воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»