Азим Иброҳим масоили вобаста ба нерӯи барқро  баррасӣ кард

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни як ҷаласаи корӣ дар шаҳри Душанбен масоили вобаста ба паст кардани талафоти неруи барқ, сатҳу сифати воқеии интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатию тиҷоратии пойтахт ва беҳтар намудани вазъи ҷамъоварии маблағи барқ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор додааст

Номбурда таъкид намудааст, ки шаҳри Душанбе яке аз истифодабарандагони асосии барқи истеҳсолшавандаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар фасли зимистон ба ҳисоби миёна ҳамарўза 25% барқи истеҳсолгардида ба пойтахт интиқол дода мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳр бо неруи барқи сифатнок аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.

Дар ҷаласа зикр гардидааст, ки пайваста рух додани садамаҳо ва соатҳо бе барқ мондани сокинони пойтахт шаҳодати омодагии нокифояи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба давраи зимистон буда, ин ҳолат дар рўзҳои сармо мушкилоти зиёд эҷод менамояд.

Бо мақсади минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо муовини Сарвазири мамлакат ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти кормандони соҳа дар ҳар як қитъаи истеҳсолӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ, эътимоднокии таъминоти барқ ва ҷараёни ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар назди шахсони масъули шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

Ҳамчуни таъкид шудааст, ки  талафоти тиҷоратии барқ, ки сарчашмаи асосии он истифодаи ғайриқонунии барқ ба шумор меравад, дар шаҳри Душанбе аз меъёр зиёд зиёд буда, сарчашмаи он муросокории баъзе шахсони масъули идораҳои фурўши барқ бо истифодабарандагон мебошад, ки дар натиҷа ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашударо ғайриимкон мегардонад. Зимнан роҳбарияти шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки баҳри муайян намудани сабаб ва воситаҳои асосии ин ҳолат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини Сарвазир дар асоси таҳлили воқеӣ роҳбарият ва масъулони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва шабакаҳои барқии шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки ҳолати ҷамъоварии ҳаққи барқи истифодашударо дар шаҳри Душанбе беҳтар намуда, ҷиҳати истифодаи имконияти воқеии дар марҳилаи кӯтоҳ то ба 13 фоиз расонидани сатҳи талафоти неруи барқ дар пойтахти кишвар тадбир андешанд.