Нимаи дуюми рӯзи 19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии «Дунёи афсона» — ро барои кӯдакони хуштолеъи кишвар мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи «Дунёи афсона» — ро Корхонаи Воҳиди Давлатии “Лоиҳакаш” — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.
«Дунёи афсона» дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.
Маҷмааи дилхушии кӯдаконаи «Дунёи афсона» бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, нишона аз таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити муосири маҷмаа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои бештар намудани шумораи чунин марказҳои дилхушӣ барои кудакону наврасон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.
Дар рӯзи ифтитоҳи “Дунёи афсона” яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки дар асоси иқдомҳои навбатии инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд. Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Падару модарони кудакони ҷарроҳишуда, ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдории худро баён доштанд, зеро табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронида мешуд.
Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи “Дунёи афсона” барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.
Хурсандибахш он аст, ки дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар занону мардон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.