Пас аз чанд лаҳза дар хиёбони Рӯдакӣ ва майдони «Дўстӣ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» оғоз мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев, ҳунарпешагон Хуршед Иброҳимзода, Нигина Амонқулова, Зафар Абдуалимов, Шуҳрат Сайнаков, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, инчунин ҳунарпешагони ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамблҳои “Меҳтариён” ва “Садои Душанбе», ансамбли оилавии Назриевҳо, Филармонияи халқии шаҳри Ҳисор, ҳунармандони оркестри давлатии эстрадии «Гулшан», ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ҳунарпешагони ноҳияҳои Бохтар ва Зафаробод ва дастпарварони Мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев ҳунарнамоӣ мекунанд.
АМИТ «Ховар»