13 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Британияи Кабир Мэттью Лоусон, Франсия Мишел Тарран ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи обро баррасӣ карданд. Вазири корҳои хориҷӣ саҳми муҳимми Тоҷикистонро дар коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим қайд карда, аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро, ки ба ҳалли масъалаҳои мубрами обу энергетика ва иқлим нигаронида шудаанд, таъкид кард.
Сафири Британияи Кабир дар бораи рафти тадорукот ба саммити иқлим, ки 12 декабри 2020 дар шакли видео-конфронс доир мегардад, маълумот дод.
АМИТ «Ховар»