Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи Маҷмааи меъмории «Истиқлолият ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе эълон карда мешавад.
Бо ин мақсад дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи тадорукотӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои лоиҳакашӣ, иттифоқҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ баргузор гардид.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ёдовар шуд, ки ҳадафи озмун амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, бо ин мақсад бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Аз ин рӯ, барои дарёфти беҳтарин лоиҳа, ки ба муаррифии таъриху фарҳанг ва худшиносии миллӣ, зебо ва ҷолиб намудани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мусоидат менамояд, рӯзҳои наздик озмун эълон карда мешавад.
Зикр гардид, ки маҷмааи меъмории мазкур бо истифода аз санъати меъмории миллӣ бояд таҷассумгари маъниҳои эҳёи таъриху фарҳанги халқи тоҷик, музаффарият ва пешравиҳои даврони истиқлолият, шукуфоӣ, садоқат ба модар, Ватан, дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ бошад.
Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад.
Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд дар он озодона иштирок намоянд.
Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи худро бо қайди «Барои озмун» ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36) сабти ном кунанд.
Барои беҳтарин лоиҳаи Маҷмааи меъмории «Истиқлолият ва Озодӣ» маблағи пулӣ муқаррар шудааст.
АМИТ "Ховар"